ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НАВ ДАР МУЪМИНОБОД

Июнь 23, 2010 11:52

Муъминобод, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Бо  ташабуси раиси ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Зокиров дар  ноҳия  як   корхонаи  нави коркарди  истеҳсоли  хишти  хом  таъсис  ёфт, ки  ин  барои  сохтмони  бино  ва бунёди хонаи  истиқоматии аҳолии  ноҳия зарурият  дошт. Корхонаи навтаъсис ба Ҷамъияти  саҳомии шакли пушидаи «Садаф» — и шаҳри Душанбе мансубият  дошта роҳбарии корхонаи мазкурро Темур Нуров ба ӯҳда дорад.  Мавриди  зикр  аст, ки  айни  ҳол  корхона  дар  як  баст   фаъолият  дошта  дар  як  шабонарӯз  беш аз  6 ҳазор хишти  хом  истеҳсол  менамояд. Айни  ҳол дар оянда дар  корхона 10 нафар  коргарон  мувофиқи   шартнома  фаъолият   дошта, масъулини корхона имкон доранд, ки беш аз 20 нафар коргарро мувофиқи шартнома ба кор қабул  намояд.  Тавре  назоратчии  корхона  Карим  Давлатов  зимни  сӯҳбат  ба  мо  иброз  дошт  корхона   бо  таҷҳизоти  навтарини замонавӣ ва техникаи  ёрирасон таъмин мебошад. Мавриди зикр аст, ки истеҳсоли имрӯзаи корхона ба сохтмони хонаҳои навбунёди мардуми аз офати табиӣ  зарардидаи шаҳри Кӯлоб равона мегардад. Гуфта мешавад нархи як  дона хишти исеҳсолгардида 25 дирамро ташкил дода ба талаботи   стандарти ҷавобгӯй мебошад.                    

Июнь 23, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад