ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ КИШОВАРЗӢ — АСОСИ РУШДИ СОҲА

Июнь 25, 2010 11:27

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 24 июни соли равон  бо ташаббуси  Маркази хусусигардонии хоҷагиҳо ба муносибати ҷоизасупорӣ ба Лоиҳаи «Инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо», ки дар сабқати Лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ  яке аз чойҳои намоёнро ишғол намудааст, конфронси матбуотӣ  баргузор гардид. Дар конфронси матбуотӣ Роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронкӣ, директори Лоиҳа Тоҳир Остонаев, намояндагони ташкилотҳои фасилитаторӣ БТСММ, Агроаксияи Олмон, фонди Оғохон, ФАО ва дигар намояндагони ташкилоту вазоратҳои дахлдор иштирок доштанд. Мақсади асосии Лоиҳа мусоидат ва баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот,  рушди инфраструктураи маҳаллӣ, беҳдошти ҳолати заминистифодабарӣ  дар минтақаҳои татбиқи лоиҳа мебошад. Роҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Киара Бронкӣ иброз дошт, ки Лоиҳаи инкишофи  истеҳсолоти кишоварзӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо ба самти беҳдошти вазъи хоҷагиҳо ва заминистифодабарии устувор мусоидат менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳа то имрӯз 156 зерлоиҳаҳои парвариши занбӯри асал, 600 зерлоиҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, 1462 зерлоиҳаҳои бунёди боғу токзор, 163  зерлоиҳаҳо дар самти идоракунии чарогоҳ, 70 зерлоиҳаҳо вобаста ба барқарорсозии ҷангалзорҳо  бо мувафақият татбиқ карда шуданд. Дигар самти маблағгузорӣ ба самти ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, ки истифодаи захираҳои заминро таҳким мебахшад. Инчунин, таъкид гардид, ки  наздики 40000 хоҷагии кишоварзӣ (31% зиёд аз нақшаи лоиҳавӣ) ва 402 деҳа истеҳсоли маҳсулотро баланд бардоштанд. Дар заминаи татбиқи лоиҳа ба 39 кумитаҳои рушди ҷамоатҳо, зиёда аз 3300 гуруҳҳои ҳавасмандии деҳот 5 миллион доллари ИМА кӯмак расонида шуд ва онҳо потенсиали  мавҷудаи худро баланд бардоштанд. Натиҷаҳои бадастомада бошад, барои истифода бурдани 50 ҳазор гектар замин мусоидат карда метавонад. Таҷрибаҳои ба даст омада нишон медиҳад, ки маблағгузориҳои грантии хурд ба соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ пеш аз ҳама сарҷамъ гардида, муносибатҳои истеҳсолӣ ва молиявии худро бо бонкҳо тақвият бахшанд,   ки ин барои беҳдошти вазъи зиндагии аҳолии кӯҳистон мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар барои ҳифзи муҳити зист, ки яке аз самтҳои афзалиятноки  лоиҳа ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурии судманд мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифтанд.                    

Июнь 25, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад