УСТОДИ ДОНИШГОҲ ВАКИЛ ШУД
Душанбе, 23 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар интихоботе, ки 20 июн дар ҳавзаи интихоботии №43 шаҳри Душанбе баргузор шуд, Шамсиддин Ҷалолов бо 90,7 % -и райъи интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоб гардид. Зимни шарҳи ин масъала ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №43 Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Ҳусноро Мирзоева дар ҷараёни иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гуфт, ки бобати дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ дар ҳавзаи интихоботии №43 пойтахт 4 қитъаи овоздиҳӣ созмон дода шуда буд. Аз 7 ҳазору 204 нафар шумораи интихобкунандагон беш аз 5 ҳазорашон дар интихобот ширкат варзида, райъ доданд. Дар иҷлосия ҳамчунин, Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






