ВОХӮРИИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО ПЙЕР МОРРЕЛ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 14 июн дар Душанбе, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, дар оғози вохӯрӣ Пйер Морел минатдории худро ба вазири корҳои хориҷӣ барои барпо кардани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогирии миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар Душанбе изҳор намуд. «Зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вазъият дар Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки барои Иттиҳоди Аврупо мавқеи кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон роҷеъ ба вазъи баамаломада муҳим аст», афзуд манбаъ. «Ҳамрохон Зарифӣ кӯшиши ҳар ду ҷонибро ҷиҳати минбаъд низ инкишоф додани ҳамкориҳои мутақобилан сӯдманд ва шарикӣ дар ҳамаи соҳаҳо қайд кард», қайд кард манюаъ. Қайд кардан зарур аст, ки ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми Вазирони адлияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 14-15 июни соли 2010 дар Душанбе идома дорад, ҳузур дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






