ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Қӯргонтеппа, 25 июн.(АМИТ«Ховар», Юсуфбек Беков).-Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бахшида ба рӯзи Вахдати миллӣ ва барои арзон кардани нархи меваю сабзавот ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиро ташкил кард. Дар он тарбуз, пиёз картошка ва дигар маҳсулот ба фурӯш гузошта шуд. Дар ярмарка зиёда аз 20 тонна маҳсулот ба фурӯш рафт. Дар ин бора ҷонишини сардори идораи матлуботи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Муҳаммадӣ Эшонҷонов хабар дод. Номбурда гуфт,ки маҳсулот дар ярмарка нисбат ба нархи бозор аз 20 то 30 фоиз арзон фурӯхта шуд. М.Эшонҷонов зикр кард, ки ғайр аз ин тӯли моҳҳои гузашта ба хориҷи кишвар зиёда аз 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир карда шуд. Харидорон дар мамлакатҳои дигар низ ба сифати маҳсули дастони деҳқонони тоҷик баҳои баланд медиҳанд. Чунин ярмаркаҳо дар маркази вилоят оянда низ ташкил карда мешаванд. Ҳоло матлубочиёни ноҳия якдилона барои захираи меваю савбзавот барои тирамоҳу замистони 2010-2011 тайёрӣ мебинанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






