ЁДДОШТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА САФИРИ РУСИЯ СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи ҷумъа бо сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов мулоқот кард. Ҳамрохон Зарифӣ зимни сӯҳбат диққати Юрий Поповро ба вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти ғаразнок ва муҳокимарониҳои манфии баъзе мансабдорони давлатии Федератсияи Русия ба унвони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, изҳороти муовини раиси Думаи Давлатӣ Владимир Жириновский ва роҳбари Хадамоти давлатии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия, сардухтури санитарии Русия Геннадий Онищенко ҷалб намуд. Суханронӣ ва мулоҳизаҳои шахсони номбурда дар воситаҳои ахбори оммавии Русия чоп карда шудаанд. Ҳамрохон Зарифӣ дар ин мавзӯъ ба сафири Русия ёддошт супорид. Қайд карда шуд, ки қарори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Федератсияи Русия дар бораи манъи ворид сохтани меваи хушк аз Тоҷикистон ба Русия ба иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат, хусусан аҳолии вилояти Суғд зиёни калон мерасонад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мақомоти дахлдори Русияро даъват кард, ки имконияти бекор кардани қарори мазкурро баррасӣ намоянд. Сипас мусоҳибон баъзе масъалаҳои дигари марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Русияро муҳокима карданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






