ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БА ДОНИШГОҲ

Июль 20, 2010 17:27

 Кӯлоб, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷануби мамлакат аз шумули он  муассисаҳои олии таълимиест,ки дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи маориф ва бахши иқтисоду идора дар корхона, менеҷменту маркетинг саҳми муносиб дорад. Дар ин таълимгоҳ аз рӯи 23 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Заминаи  модди-техникӣ ва таъминоти кадрии донишгоҳ давра ба давра мустаҳкам гардида шуда, раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пайваста тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.. Айни замон дар донишгоҳ давраи қабули довталабон ҷараён дошта,тибқи нақша ва низомномаи  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳуҷҷатҳои  довталабон аз рӯи ихтисосҳои мухталиф тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ   қабул карда мешаванд. Бояд гуфт,қи раёсати донишгоҳ бо мақсади беҳтар намудани шароити моддию маишии донишҷуён, таъминоти онҳо бо хобгоҳ, расонидани қумақ ба донишҷуёни қамбизоат ва бепарастор низ яқ қатор қорҳоро сомон дода ,то оғози соли хониш таъмири хобгоҳи донишҷуён ва биноҳои таълимиро пурра ба анҷом мерасонад.    

Июль 20, 2010 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад