ҲАЙАТИ УСТОДОНИ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати 40 нафараи устодони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини Раис оид ба бахши омӯзишии Донишгоҳи Теҳрон Саидмаҳдии Қайсарӣ ба Душанбе ташриф оварданд. Сафари устодони донишгоҳҳои Эрон ба Тоҷикистон дар доираи тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ва муассисаи фарҳангии ЭКО сурат гирифтааст. Масъули бахши фарҳанг ва матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки зимни сафари худ ҳайати устодони донишгоҳҳои Эрон аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳайати устодони ин донишгоҳҳо мулоқот менамоянд. Ҳамзамон, ҳайат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа дидан менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






