ҲАМАИ 40 ФОИЗИ ҲАҚҚИ ОБ ПАРДОХТ ШУДААСТ

Июль 23, 2010 15:21

Душанбе,23 июл. ( АМИТ « Ховар», Назокат Қодирова).- Вазорати  мелиоратсия   ва захираҳои оби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва сохторҳои он дар  асоси дастуру  супоришҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намуда, дар нимсолаи аввали  соли 2010 ҷиҳати таъмини  иҷрои вазифаҳо  оид ба пешбурди  сиёсат дар соҳаи об ,  муташаккилона  гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии  заминҳо гузаронидани корҳои  муайянеро анҷом доданд. Идораю корхонаҳои  захираҳои об  новобаста аз  мушкилоти ҷойдошта  ва офатҳои табиӣ иншооти  обрасониро  ба  мавсими обёрии соли 2010 омода намуданд. То 1 июли  соли 2010  дар ҷумҳурӣ бо 10 ҳазору 449 хоҷагӣ  дар майдони 493 ҳазору 418 гектар барои  обрасонӣ шартнома  ба имзо расонида,  бо арзиши 31 млн. сомонӣ хизмат расониданд. Аз ҷониби истифодабарандагони  об ба маблағи 12,1 млн. сомонӣ  ҳақки хизмати обрасонӣ  пардохт карда  шудааст ,ки 40  фоизи арзиши  оби додашударо  ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағҳои  мутамарказонидашуда  соли равон  ба Вазорат  барои иншооти  сохтмони асосӣ 8,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла  барои  корҳои  сохтмонию  васлкунӣ  7,03 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Оид ба таъмини  иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2  декабри соли 2006,№ 514 « Барномаи беҳтар  намудани таъмини   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо оби тозаи  нӯшокӣ  барои солҳои  2008- 2020» аз ҷониби  Муассисаи  давлатии   « Сарраёсати  Тоҷикобдеҳот»  ва  лоиҳаҳои   амалишавандаи  назди Вазорат корҳои  барқарорсозӣ,  азнавсозии шабакаҳои  таъминоти  оби нӯшокӣ  ба маблағи  885,6 ҳазор сомонӣ  ба анҷом расонида шудааст. Вазифаи асосии  ташкилоту корхонаҳои    Вазорати  мелиоратсия  ва захираҳои  оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи дуюм  муташаккилона   гузаронидани мавсими  обдиҳӣ, дар  ҳолати пардохт   гардидани  ҳаққи хизмат  пурра ва  ҳатман  бо об таъмин  намудани кишти   такрорӣ ,  азхуднамудани  900 га  замини нав,  беҳтар намудани  ҳолати мелиоративии 10 ҳазор  га  заминҳои  обёришаванда  мебошад.                                

Июль 23, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад