ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТҲОИ АВРУПОӢ

Июль 14, 2010 09:36

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова).-12 июли соли ҷорӣ вохӯрии муовини раиси Палатаи Саноату Савдои ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ  Карамалиев бо сардори Парлумони Аврупоии иттилоотӣ «Европа-Пункт»-Хеп Крекел  боаргузор гардид . Асаналӣ Карамалиев дар бораи Тоҷикистон, фазои сармоягузории он ва ҳамчунин дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои минбаъда  мухтасар маълумот дод. Аз рӯи гуфти Хеп Крекел   вазифаи асосии Парлумони Аврупоии  иттилоотӣ «Европа –пункт»  расонидани хизмати иттилоотӣ ба ҳамаи хоҳишмандон , махсусан  намояндагони доираҳои  корӣ  аз рӯи тамоми масъалаҳое, ки  ба фаъолияти Парлумони Аврупоӣ ва мамлакатҳои узви Иттиҳоди  Аврупо  дахл доранд, мебошанд . Марказ аз рӯи имконият дар  мавриди дигар  давлатҳо низ  маълумот медиҳад. Дар навбати худ А.Карамалиев  пешниҳод намуд , ки  дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ  бо Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон   маркази иттилоотии  Аврупоӣ ташкил карда шавад. Хеп Крекел ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо қаноатмандӣ қабул намуд ва изҳор дошт, ки барои тарафдорӣ намудани ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони Шӯрои Аврупоӣ  дар ҷумҳурии Тоҷикистон  мусоидат менамояд.

Июль 14, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад