ҲАМКОРИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Июль 1, 2010 14:16

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — 30 июн дар интернет – толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки котибони матбуоти мақомоти давлатӣ ва кормандони воситаҳои ахбори умуми қаламрави вилояти Суғд дар мавзӯи «Ҳамкории хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори умум» семинар баргузор гардид. Семинари мазкур бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон ва Намояндагии Институт оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани вазъи кунунии дастрасӣ ба манбаи иттилоот дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва дар ин раванд мустаҳкам намудани ҳамкории идораҳои давлатӣ бо ВАУ ташкил шудааст. Раиси Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар рафти семинар тазаккур дод, ки масъалаи дастрасӣ ба иттилоот дар таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти хокимияти иҷроияи давлатӣ муҳим аст. Иштирокдорони семинар роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар инъикоси фаъолияти шохаҳои хокимият ва вазифаҳои хадамоти матбуот, имкониятҳои дастрасӣ ба манбаи иттилооти расмӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон, қоидаҳои ваколатдоркунии намояндагони  васоити ахбори умум дар мақомоти ҳокимият, проблемаҳо ва дурнамо ва амсоли инҳо табодули назар карданд.

Июль 1, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад