ҲИСОБОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА САРДОРИ ДАВЛАТ
20 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал оид ба рафти кишти такрорӣ, ҷамъоварии ғалладона ва дигар корҳои мавсимӣ телефонӣ ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳосили фаровони ғалладона аз заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда шуда, кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки аз мўҳлати кўтоҳи барои кишти такрорӣ боқимонда пурсамар истифода бурда, нагузоранд, ки заминҳои обӣ холӣ монанд. Тибқи дастури Сарвари давлат то 10 август бояд иҷрои нақшаи кишти такрорӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба анҷом расонда шавад. Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки корҳоро доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи озуқаворӣ, ангишт, гази моеъ ва дигар анвои маводи сўхт вусъат дода, доир ба омода кардани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш чораҳои муассир андешад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






