&#1202АМО&#1202АНГШАВИИ НИЗОМИ АЭРОНАВИГАТСИОН&#1250 БО СТАНДАРТ&#1202ОИ ҶАҲОНӢ

Июль 22, 2010 16:52

Душанбе, 22  июл. ( АМИТ « Ховар»,  Назокат Қодирова).- «Таъмини  бехатарии парвозҳо   ва пешкаш   намудани  хизматрасониҳои  марбут аз ҷониби   корхонаи мо пеш  аз ҳама аз шаклу тарзи   ташкили фаъолият ва  шароити фаъолият  вобаста аст»,- гуфт директори   генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  Анвар Мақсудов  зимни нишасти  матбуотие ,ки  22 июл  баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин зикр  гардид, ки  бахусус  дар фосилаи  ҳисоботӣ бо  мақсади ба тартиб  даровардан ва ба  қонунҳои ҷории  давлат мутобиқ  кардани фаъолияти  муассиса роҳбарияти  « Тоҷикаэронавигатсия»  оид ба пешкаш  намудани хизматҳои  аэронавигатсионӣ  бо 23 ширкати  авиатсионие, ки  дар фазои  Тоҷикистон  амал мекунанд  ва аз фурудгоҳҳои  кишвар истифода  менамоянд, аз  нав шартномаҳо  ба тасвиб расонид. Барои самаранок истифода бурдани  захираҳои  маҳнатӣ ва беҳтар  намудани  хизматрасонӣ   дар таъмини бехатарии  парвозҳо дар  фазои кишвар  ва ҳамоҳангшавии  кишвар бо  стандартҳои  ҷаҳонӣ  Ширкати  махсусгардонидашудаи  Финландия   тибқи шартнома  таҷҳизоти  метеорологӣ  ирсол намуд, ки айни ҳол     насби он дар  филиали Қурғонтеппа  амалӣ мегардад. Соли ҷорӣ ҳамчунин бо  мақсади таъмини инъикоси  синхронии  иттилооти сабтшудаи  савтиву  радиолокатсионӣ ва     таъмини  назорати  воқеии  ташкили  парвозҳо дар  фазои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  низоми бисёрқанотаи  автоматикии  номнавискунандаи  иттилооти  радиолакатсиониву савтии «СМИР-Т» дар шаҳрҳои  Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа насб гардид.

Июль 22, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад