ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲА ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Июль 14, 2010 17:33

Душанбе, 14 июл  (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе" фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷориро ҷамъбаст намуд. Муовини директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2010 маърӯза кард. Иброз дошта шуд, ки дар ин давра корхона вазъи иқтисодии устуворро нигоҳ дошта, амнияти парвозҳо, амнияти мусофиронро таъмин намуд. Фурудгоҳ бо 19 ширкати ҳавопаймоии дохил ва хориҷ ҳамкорӣ дорад. Дар давраи ҳисоботӣ ба 294,202 нафар мусофири рафта ва 192,311 мусофири омада хизмат расонида шудааст. Ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат 21,3 миллион сомонӣ пардохта шудааст.  Дар ҷаласа мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи Президент Муҳаммад Ҳабибов иштирок намуд. Муҳаммад Ҳабибов ба фаъолияти шашмоҳаи корхона баҳои баланд дода, дар навбати худ қайд кард, ки агарчи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ хеле хубанд, аммо сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон тағироти куллиро тақозо менамояд.  Барои ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти марбутаи дар фурудгоҳ амалкунанда дастур дода шуда, вазифаҳои аввалияи корхона барои шаш моҳи оянда муайян карда шуд. Аз ҷумла иброз дошта шуд, ки суръати корҳои сохтмонӣ дар бунёди 10 хонаи истиқоматӣ барои аз офати табиӣ зарардидагони минтақаи Кӯлоб ва сохтмони терминали нави фурудгоҳ тезонида шавад, чунин иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Маҳмадюсуф Шодиев.  

Июль 14, 2010 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад