140 ОИЛА АЗ ҶОЙҲОИ ХАТАРНОК КӮЧОНИДА ШУД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Байни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома доир ба гузаронидани корҳои муштараки омӯзиши геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расида, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой фиристода шуд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи мазкур корҳои омӯзишии геологӣ дар ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Хитой шурӯъ хоҳанд шуд»,- гуфт Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз, 13 июл дар Саридораи мазкур доир гардид. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки дар нимсолаи авали соли ҷорӣ, саридора аз рӯи даъватномаҳо дар 66 деҳаи аҳолинишини Ховалинг, Кӯлоб, Хуросон, Варзоб, Нуробод, Файзобод, Дарвоз, Ҳисор ва ғайра тадқиқотҳои муҳандисӣ- геологӣ гузаронид, ки дар натиҷа ба 140 оила пешниҳоди аз ҷойҳои хатарнок ба мавзеҳои бехатар кӯчонидан дода шуд. Дар ин давра кормандони саридора дар ҳайати комиссияи ҳукуматӣ барои сохтмони деҳаи навбунёд ба зарардидагони заминларза дар мавзеи Сурхсангоб, ки 2 январи соли равон дар ноҳияи Ванҷ ба вуҷуд омада буд, тадқиқот гузаронида, хулосаҳои муҳандисӣ-геологиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






