1900 ДАСТНАВИС БА CD НУСХАБАРДОРӢ ШУДАНД

Июль 14, 2010 17:46

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон навъ ва намудҳои хомӯшакҳои дуболаи минтақаҳои истироҳатии Тоҷикистони марказӣ муайян карда шуд, ки  62 намуди онҳо, аз  ҷумла 20 намуди мокретсҳо, 9 намуди хомӯшакҳо, 9 намуди москитҳо, 4 намуди мошкаҳо ва 20 намуди хармагасҳоро дар бар мегирад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Академияи илмҳои ҶТ, имрӯз, 14 июл сухан рафт. Ҳамчунин,  дар ҷамъомад муҳимтарин натиҷаҳои илмии тадқиқоти муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар нимсолаи аввал таҳлил ва ҷамъбаст карда шуд. Хабар дода шуд., ки мутахассисони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ 1900 дастнавис аз тариқи аксбардорони рақамӣ ба фитаҳои CD нусхабардорӣ карда шуданд. Дар баробари ин ҳамаи нусхаҳои аксбардоришуда аз нав рақамгузорӣ   гардида, ҳолати нигаҳдорӣ ва зарурати тармиму безараргардонии онҳо муайян карда, чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Июль 14, 2010 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст