4260 НАФАР БЕМОРИ СИЛ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 4260 нафар бемори сили фаъол ба қайд гирифта шуд, ки 3365 нафарашон бори аввал ошкор шудаанд, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Инчунин ӯ қайд намуд, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214 нафар бемор зиёд ба қайд гирифта шуда, беморони бори аввал ошкоршуда бошад 159 нафар зиёд гаштаанд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил дар деҳаи Қарағоч ва Оқмазори ноҳияи Ҳамадонӣ ба 806 нафар кӯдакони то сини 14 сола ташхиси туберкулинӣ гузаронида шуда, дар 665 нафар ташхис натиҷаи мусбат нишон дод. Сироятёфтагон баъди бо усули рентгенӣ соқит кардани сили фаъол ба табобати пешгирикунанда бо доруҳои зиддисилӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон 1679 нафар аҳолии ноҳияи Восеъ, 429 нафар аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ алоқамандони сил ва гурӯҳҳои зери хавф аз муоинаи флюорографӣ гузаронида шуда, 285 нафар гумонбар ба сил дарёфт гардид ва айни замон гузаронидани муоинаи иловагӣ барои аниқ кардани сили фаъол давом дорад, -қайд намуд Н. Салимов.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






