517 КОМБАЙН БАСАНДА НЕСТ

Июль 5, 2010 09:45

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар майдони 298 ҳазору 685 га ғалладона ва лӯбиёгиҳо кишт карда шудааст. То 30- юми июни соли ҷорӣ аз майдони 75 ҳазору 291 гектар, ки 25,2 фоизи ҳаҷми умумии майдони киштро ташкил медиҳад ғалла  даравида шуда,  62 ҳазор гектари он кӯфта шудааст. Бо вуҷуди он ки майдони кӯфташудаи ғалла нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 25 ҳазор гектар зиёд аст, аммо обу ҳаво нисбатан сербориш  омада,  кӯфтани ғалларо мушкилтар сохтааст. Аз ин рӯ хоҷагиҳоро зарур аст, ки аққалан аз 1000 комбайни ғалладарав дар мавсими ҷамъоварӣ истифода намоянд. Ин дар ҳолест, ки айни замон ҳамагӣ 517 комбайн дар 32 ҳазор ҳоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавриди истифода мебошанд. Дар сурати сербориш омадани моҳи август имконияти даравида шудани ғалла аз даст рафта, ҳосил ҷамъоварӣ нашуда мемонад.       

Июль 5, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад