АФКОРИ ФАЛСАФИИ ОЛИМИ ТОҶИК
Душанбе,29 июл.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Фалсафа ва маданият»-и Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи Русия мақолаи корманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Искандар Абдуллоев таҳти унвони « Гомеостази универсалӣ. Тасвири нави физикии ҷаҳон? Ҳарза будани масъалаи асосии фалсафа» ба чоп расид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муаллиф И. Абдуллоев гуфт: «Мақолаи мазкур ифодакунандаи ғояи материализми нав, ки ба тасвири ҳаққонии ҷаҳон тағйироти нав медарорад, мебошад. Дар мақола мафҳумҳои нав чун баробарии динамикӣ , ки барои ҳама чиз ва тамоми ҳаракат хос аст, оварда шудаанд.» Ёдовар мешавем,ки И.Абдуллоев тадқиқотчии масъалаҳои бунёдии фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Якчанд мақолаҳои фалсафии муаллифи мазкур дар нашриёти мухталифи Русия, аз ҷумла дар куллиёти Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи Ломаносов нашр гаштаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






