АНСАМБЛҲОИ НАВТАЪСИС
Турсунзода, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Дар назди шӯъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода гурӯҳи нави ҳунарии «Ворисони Шашмақом» ва ансамбли рақсии «Садаф» таъсис ёфт. Роҳбарии гурӯҳи ҳунарии «Ворисони Шашмақом»-ро сарояндаи боистеъдод Ҳабибулло Кенҷаев ба ӯҳда дорад. Аъзои ансамблро сарояндагону ҷавонони умедбахш Ҷумъабой Шарифов, Акрам Бӯриев, Фаррух Самадов, Раҷабалӣ ва Идибек Кенҷаевҳо ташкил медиҳанд. Онҳо баҳри рушду нумӯи санъати аслии халқамон-«Шашмақом» ва эҳёи суннатҳои ниёгон саҳм мегузоранд. Ансамбли навтаъсиси «Садаф» бошад бо мақсади рушду тараққии санъати миллӣ-рақс таъсис ёфта, роҳбарии онро ҳунарманди хушсалиқа Гулнора Ҳайдарова ба ӯҳда дорад. Алҳол дар ҳайати ансамбл 12 нафар ҷавондухтарони шаҳру ноҳия фаъолият доранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






