БА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИВУ ЭКОЛОГИИ СААД БОЯД АФЗАЛИЯТ ДОД
Суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар иҷлосияи дуюми ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви иштирокчии СААД дар мавзӯи «Мақсадҳои ҳамоиши СААД кадомҳоянд» (Алмаато, 17 июли 2010) Мӯҳтарам Ҷаноби Раис, Ҳакорони мӯҳтарам , Хонумҳо ва ҷанобон. Бисёр давлатҳо- иштирокчиёни Созмон идеяи дар соли 2010 баргузор намудани ҳамоиши СААД-ро бо мақсади қабули барномаи ҳақиқии Ташкилоти мо тарафдорӣ намуданд. Чунин барномаи амал метавонад ба бартарафсозии бӯҳрон ва ҳалли муноқишаҳо, беҳтар намудани иҷрои ӯҳдадориҳои давлатҳои узви Созмон дар чаҳорчӯби се ченак : қабули стратегияи ҳамаҷониба бар зидди таҳдидҳои байналмилалӣ, таҳкими институтҳо ва муассисаҳои СААД , ҳамчунин васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти минтақавию ғайриминтақавии дар ҳудуди СААД буда равона гардад. Аз ин рӯ мо пешниҳоди Қазоқистонро дар мавриди баргузории ҳамоиши СААД дар соли 2010 дар Остона тарафдорӣ менамоем. Боварӣ дорем, ки пас аз танаффуси даҳсола баргузор намудани вохӯрии навбатии СААД дар сатҳи оли ба ҳамаи мо имкон медиҳад, ки ба гузашта ҷиддитар нигарем, талабу таҳдидҳоро дар фазои амниятӣ муайян созем ва самти кори ташкилотамонро ба ҳалли масъалаҳои муҳим равона созем. Мутассифона бояд зикр намуд , ки солҳои охир зимни санҷиши иқтисодӣ ва экологии фаъолияти СААД дар кори созмон натиҷаи назаррас дида нашуда, самаранокии он низ паст шудааст. Ҳарчанд стратегияи Маастрихии соли 2003 барои фаъолияти назарраси ташкилот дар ин самт имконият медиҳад , вале афкори гуногун доштани давлатҳои иштирокчии ин Созмон аз рӯи ин масъала татбиқи онро суст менамояд . Мо мӯътақидем, ки бе қабули қарорҳои мувофиқи ҷорию потенсиалӣ ба сулҳи устувор, бехатарӣ ва босуботии минтақа ноил гаштан имконнопазир аст. Мо чунин меҳисобем ,ки вақти он расидааст ба фаъолияти иқтисодиву экологии СААД баҳои мувофиқ дода шуда, нақши созмон дар бартараф намудани муноқишаҳо бояд баланд бардошта шавад. Мо СААД-ро даъват менамоем, то ба муроҷиати Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар амалисозии лоиҳаҳое , ки ба бартарафсозии бӯҳрони иқтисодӣ , идоракунии захираҳои обию энергетикӣ равона шудаанд , ҳамовозӣ намуда, ба ин восита дар афзудани боварӣ дар Осиёи Марказӣ ҳиссаи худро гузорад. Вобаста ба ин мавзӯъ пешниҳод менамоем , ки ба рӯзномаи кори Ҳамоиш дар якҷоягӣ бо дигар масъалаҳои асосӣ, ҳамчунин масъалаи вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ ва наздимарзиро бо дарназардошти вазъи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дохил намоянд. Боварӣ дорем , ки вохӯрии ғайрирасмии вазирони мо имкон медиҳад рӯзномаи кори ҳамоиш дастгирӣ ёфта, ба ин васила нуфузи давлатҳои иштирокчии СААД бештар гардад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






