БАРГУЗОРИИ МАШҚХОИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК

Июль 13, 2010 15:41

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). Дар ин навбат дастаи яккачини мардони Тоҷикистон оид ба дзюдо машқхои омӯзишӣ-тамриниро дар нохияи Шаҳристони вилояти Суғд мегузаронанд. Машқҳои омодагӣ  ба  мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон таҳти роҳбарии сармурабии дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба дзюдо Бозор Носиров аз 20 июл оғоз гардида то 5 августи соли  ҷорӣ гузаронида мешавад.  Хотирасон менамоем, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо аз 9 то 13 сентябри соли 2010 дар Ҷопон баргузор мегардад. Ёдовар  мешавем, ки дар мусобиқаи байналхалқии охироне, ки  дар шаҳри  Москав доир гардида буд, дзюдочиёни тоҷик  мағлуб гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июль 13, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад