БАРНОМАҲОИ НАВ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Июль 14, 2010 15:13

Душанбе, 14 июли  (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Корхонаи Воҳиди Давлатии  «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ» дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар 8 шаҳру маркази ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Рашт, Конибодом ва Истаравшан Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро амалӣ менамояд ва дар марҳилаи 3-юми Лоиҳа бинобар дар нимсолаи аввали соли 2010 гузаронида нашудани тендери пудратчиён, корҳои баркарорсозии системаҳо оғоз нагардидаанд, гуфт муовини директори генералии КВД «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ» Нозимшо Сарошоев зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2010. КВД «ХМК» баҳри ҷалби сармоягузорони хориҷи, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ватанӣ, бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барнома лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия намуда, ба ташкилотҳои дахлдор пешниҳод намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи пешниҳоднамудаи КВД «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ» оид ба барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон – Қургонтеппа, Кӯлоб ва Данғара ба маблағи 6,173 миллион доллари ИМА аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ ёфт, ки 2,000 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 4,173 миллион доллари ИМА он грант буда, лоиҳа дар ҳолати маблағгузорӣ мебошад ва корҳо дар ин самт давом доранд- гуфт дар хотима Н.Сарошоев.            

Июль 14, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад