БАРНОМАИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОНИ СУҒД БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2013
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонони вилояти Суғд барои солҳои 2011-2013 қабул гардид. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус ба тасвиб расонид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз қабули ин барнома, тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан баҳри ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон, инчунин барои мусоидат ва тавсеа бахшидани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мебошад. Дар ҷараёни татбиқи барнома, чорабиниҳои ташкилию оммавӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ташкили корҳои таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ бо иштироки зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони мӯътабар, ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили роҳҳои таъмини иҷрои анъанаҳои мардумӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ, истифодаи анъанаҳои қадимаи мардумӣ дар тарбияи насли наврас, истифодаи арзишҳои маънавӣ дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон дар назар аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






