БАРРАСИИ ДУРНАМОИ МАКРОИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Июль 5, 2010 15:24

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 2 то 3 июли соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгиригии Комиссияи Евразия дар Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои рӯзмарраи макроиқтисодӣ: — дурнамо ва сиёсати макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар кори  конфронс 50 нафар намояндагони  вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин якчанд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва сервис иштирок карданд.   Тавре аз дафтари матбуотӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятии атрофи равияҳои гуногуни  сиёсати макроиқтисодӣ баҳсҳо намуда, дурнамои макроиқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.  

Июль 5, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад