БУНЁДИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД
Ҷиргатол,14 июл. ( АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). — Бо анҷоми таҷдиди марҳилаи якум ва дуюми роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Саритоши Ҷумҳурии Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми шоҳроҳ аз деҳаи Сайрони ноҳияи Ҷиргатол то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон бо суръат идома дорад. Масофаи ин шоҳроҳ 89 километрро ташкил дода , айни ҳол дар бештари мавзеъҳои хавфнок корҳои таркишӣ , тахту ҳамворкунӣ ва васеъ намудани қисмҳои асосии роҳ дар арафаи анҷомёбист. Бо мақсади пеш бурдани корҳои сохтмонӣ беш аз 190 техникаи гуногунтамға сафарбар карда шудааст. Сохтмончиён бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тасмим гирифтаанд, ки корҳои сохтмониро дар мӯҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






