ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР МУЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холлов). — Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Мӯъминобод рафти иҷрои барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2006 – 2010 — ро мавриди амал қарор дода мувофиқи нақша- ҷорабиниҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба яқ қатор дастовардҳои варзишӣ ноил гардид. Абдулло Раҷабов мудири бахши мазкур дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бахш 27 номгӯи чорабиниҳои варзишии ноҳиявӣ, 7 мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва 11 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда дар натиҷа варзишгарони ноҳия соҳиби 3 медали тилло, 14 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ ва 27 диплому ифтиҳорномаҳои Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди ҳуқумати ҷумҳурии ҶТ гардиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз қабили футболи хурд байни ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуда, ғолибони мусобиқа аз тарафи раиси ноҳия Сафарали Зоқиров бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд. Тибқи қарори раиси ноҳия варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиби мусобиқаи варзишӣ гардиданд аз тарафи раиси ноҳия мукофотҳои пулӣ аз 200 сомони то 500 сомони қадр када шуданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






