ДАР ДУШАНБЕ ДАРИ КИТОБХОНАИ «ШАҲРИЁР» БОЗ ШУД

Июль 13, 2010 15:28

Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 июл дар доираи сафари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе китобхонаи  ба номи Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дари худро ба рӯи хонандагон боз кард. Китобхонаи мазкур дар доираи тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон созмон дода шуда, дар он беш аз се ҳазор китобҳои гуногуни илмию бадеӣ, ки  дар Эрон бо ҳуруфи  форсӣ нашр гардидаанд,  нигоҳ дошта мешаванд Дар маросими ифтитоҳи он Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва дигар намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон сухан карда, ба фаъолият шурӯъ кардани китобхонаи «Шаҳриёр»—ро дар Душанбе фоли нек дар тақвияти робитаҳои илмию фарҳангӣ байни ду кишвари форсизабон арзёбӣ карданд.

Июль 13, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад