«ДАР КӮИ ХАЛИЛ» ВА «ЁРИ ОШНО» ДАР ДУШАНБЕ МУАРРИФӢ ШУД
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони илму фарҳанги кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон ду китоби тозанашр- «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно» муаррифӣ гардиданд. Ин асарҳои арзишманди адабӣ ва хонданӣ ба қалами шоири шодравони афғон Халилулоҳи Халил (1907-1987) ва донишманди покистонӣ Орифи Навшоҳӣ мутаалиқ буда, ба рӯзгор ва ашъори шоири шаҳири покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва шоири маъруфи афғон Халилулоҳи Халилӣ бахшида шудааст. Дар маросими муаррифии ин асарҳо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ ва Холид Усмон Қайсар, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва дигар донишмандони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон доир ба нақш ва ашъори безаволи адабии ин ду чеҳраи шинохтаи адабиёти тоҷику форс ибрози назар карданд. Онҳо нақши шоирони бузурги Афғонистону Покистон- Халилулоҳи Халил ва Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро дар ташаккули адабиёти садаи 20 муҳим ва арзишманд маънидод карданд. Ин шахсиятҳои варзида ва барҷастаи ҷаҳони ислом ва адабиёти муштараки тоҷикӣ -форсӣ бо ашъори нотакрори худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти тоҷику форс аз худ нақши боризе ба ёдгор гузоштаанд. Назар ба иттилои донишманди афғон Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, ин асарҳои арзишманд ба муносибати эълон шудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эҳдо гардидааст. Китобҳо ба забон ва ҳуруфи форсӣ бо иқдоми Китобхонаи ба номи устод Халилулоҳи Халил (Душанбе) чоп гардида, аз ашъор, ҷойгоҳ ва рӯзгори ибратомӯзи шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс- Халилулоҳи Халил ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҳикоят менамоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






