ДАР НИМ СОЛ 27 ҲАЗОР НАВЗОД

Июль 20, 2010 17:50

Хуҷанд,20 июл. (АМИТ  «Ховар», Санавбар Мақсудова).  То санаи 1-уми июли   соли 2010  аҳолии шимоли мамлакат  ба 2  миллиону  237,2  ҳазор  нафар расид , ки  он нисбат ба  давраи ҳисоботии   соли гузашта 21 ҳазору 547  нафар зиёд мебошад.  Дар ин бора  ба мухбири  АМИТ «Ховар»  аз сарраёсати  вилоятии Агентии  омори назди  Ҳукумати ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи  хабари сарчашма   дар нимсолаи  аввали соли 2010  дар вилоят   зиёда аз  27 ҳазор кӯдак таваллуд шадааст, ки нисбат ба давраи ҳисиботии соли гузашта  2 ҳазору  573 нафар зиёд мебошад. Мувофиқи иттилои  сарчашма то 1-уми  июли соли ҷорӣ  шумораи кормандони   соҳаи хоҷагии  халқи вилоят, ки  ба онҳо  маош дода  мешавад, 194,2  ҳазорро ташкил медиҳад. Музди миёнаи маош то якуми июни  соли  ҷорӣ  дар вилоят 248,5  сомониро ташкил дод. Дар вилояти Суғд 75 ҳазору 500  оилаи камбизоат   зиндагӣ менамояд.  Тибқи қарори   Ҳукумати ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 1-уми   августи соли 2008 « Дар  бораи зиёд намудани   кӯмак ба оилаҳои  камбизоат»  дар моҳҳои   январ- апрели соли 2010 аз буҷаи  ҷумҳуриявӣ барои ин  табақаи аҳолӣ  5,6 миллион  сомонӣ маблағ ҷудо гаштааст. Аз ин миқдор 4,2 миллион сомонии он   ба  оилаҳои камбизоат барои супоридани ҳаққи нерӯи барқ ва 1,4 миллион сомонии он барои истифодаи ҳаққи  хизмати  газ пардохта шудааст.

Июль 20, 2010 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад