ДАР ШӮРООБОД ТАЪМИРИ МАКТАБҲО ОҒОЗ ГАРДИДАНД

Июль 20, 2010 17:24

Шӯрообод. 20 июл. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Дар  ноҳияи  Шӯрообод   бо   маблағгузории буҷаи маҳалӣ ва саҳмгузории падару модарон таъмири мактабҳо оғоз гардид. Сардори раёсати молияи ноҳия Қурбон  Марҷонов дар  бастагӣ  ба ин  мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида то фарорасии соли хониши нав дар ноҳия 52 мактаби таҳсилоти умумӣ ва як мактаб — интернати  бепарасторон аз таъмир бароварда  шуда, бо лавозимотҳои хониш таъмин  мегарданд. Ба гуфтаи  ин  манбаъ  дар  шаш  моҳи  соли ҷорӣ  барои  таъмири  мактабҳои  таҳсилоти  умумӣ беш  аз  100 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби  буҷаи  маҳалӣ ва 19 ҳазор сомонӣ аз тарафи кумитаи падару модарон ҷудо гардид, ки ин  маблағ барои таъмири мактабҳо ва хариди таҷҳизотҳои  лозимаи  хониш  равона     гардид.

Июль 20, 2010 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад