ДАР СУҒД 4 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИИ ҶИНОЯТКОР ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар»). — Аз раёсати Агентии назорати маводи нашъадори вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли 2010 29 сокини вилоят барои қочоқи маводи нашъадор дар қаламрави мамлакатҳои дигар дастгир шуд. Аз ҷумла дар қаламрави Федератсияи Руссия 22 нафар, дар Ӯзбекистон 4 нафар ва дар Қазоқистон 3 нафар ба даст афтоданд. Аз дастгиршудагон ба миқдори 82 кг 867 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд, ки қариб 80 килограми он героин мебошад. Соли гузашта 27 сокини вилоят барои хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар мамлакатҳои дигар ба даст афтода буд. Ҳамон вақт аз онҳо 66 килограму 265 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 52 кг героин мусодира шуда буд. Имсол кормандони раёсати Агентии мубориза бар зидди маводи нашъадор дар қисмати шимолии мамлакат 16 ҷинояти вобаста ба маводи нашъадорро ошкор сохтанд. Аз ҷумла 4 гурӯҳи муташакили ҷинояткорон барҳам дода шуд. Дар давоми шаш моҳи гузашта дар вилояти Суғд 37 килограму 198 г маводи нашъадор мусодира гардид. Ҳамчунин дар нишаст хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд дар ин муддат 159 нафар барои иштирок дар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дастгир гардид, ки 144 нафари он мард ва 15 нафарашон зан мебошад








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






