ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ФУРӮЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ ОҒОЗ ГАРДИД

Июль 5, 2010 09:05

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати «Сомон»-и вилояти Суғд дар шаҳри Чкаловск бори нахуст дар кишвар ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф оғоз кард. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар навбати аввал ин ширкат дар як моҳ то 130-150 ҳазор фурӯзонаки каммасраф истеҳсол менамояд. Арзиши фурӯзонакҳои истеҳсолшуда нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ арзонтар буда, сифати хуб низ доранд. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли фурӯзонакҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой оварда шуда, ҳоло мутахассисони ин кишвар ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ дар ин ширкат фаъолият доранд. Гуфтан ба маврид аст, ки баробари таъсиси ин корхона 80 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гаштанд, ки аксари онҳо занон мебошанд. Муассисони ширкати номбурда нақша доранд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳро бештар намуда, аҳолии Тоҷикистонро пурра бо фурӯзонакҳои каммасрафи дохилӣ таъмин намоянд. Мавриди ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки барои таъмини аҳолӣ бо лампаҳои каммасараф дар қаламрави кишвар корхонаҳои тавлидоти онҳо ташкил карда шаванд. Таъсиси корхонаи мазкур дар заминаи супориши Сарвари давлат сурат гирифтааст.

Июль 5, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад