ДИ&#1178&#1178АТИ АСОС&#1250 БА СОХТМОНИ НЕР&#1262ГОҲ&#1202ОИ ХУРДӢ БАРҚӢ

Июль 5, 2010 11:40

Душанбе,  5 июл. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —   Дар оянда барои  пешрафти  иқтисодиёти  Тоҷикистон асосан  нерӯгоҳҳои хурди барқӣ  сохта  мешаванд. Муассисаи  давлатии  «Маркази  идораи   барномаҳои   соҳаи  истеҳсоли  қувваи  барқ» аз  аввали  сол  барои  сохтмон ва тармиму таҷдиди  хатҳои  интиқоли барқ  ва  сохтмони нерӯгоҳҳои  хурди  барқӣ  қариб  40 миллион  сомонӣ   сарф  кард. Аз  рӯи  маълумоти  муассисаҳои  омор,  аз  моҳи  январ то  моҳи  майи  соли  равон барои сохтмони 8  нерӯгоҳи  хурди барқӣ  бештар  аз  10,7  миллион  сомонӣ  сарф  шуд.  Дар  ин муддат  дар  мамлакат  14  нерӯгоҳи  хурди  барқӣ  сохта  шуд, ки  иқтидори  умумии  онҳо 529  киловат – соат  мебошад. Ин  нерӯгоҳҳо  асосан  дар   ноҳияҳои  кӯҳистони  Бадахшон, вилояти  Суғд  ва  водии  Рашт  сохта шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  айни  ҳол  дар  байни  ҳамаи  соҳаҳои  иқтисодиёт  ба  соҳаи  энергетика  маблағи  бештар  ҷудо  карда  мешавад.  Дар  мамлакат  аз  аввали  соли  равон  барои  сохтмони  иншоотҳои  барқӣ  зиёда  аз 500 миллион  сомонӣ   сарф  карда шудааст.  

Июль 5, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад