ДОНИШҶӮДУХТАРОН ОРОМГОҲИ ФИРДАВСИЮ ХАЙЁМ ВА АТТОРРО ЗИЁРАТ МЕКУНАНД
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 нафар донишҷӯдухтарони тоҷик, ки таҳти сарпарастии намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба Эрон сафар карданд. Онҳо муддати як ҳафта аз шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳад боздид намуда, бо фаъолияти муассисаҳои Кумитаи имдод дар ин шаҳрҳо шинос мегарданд. Мудири намояндагии Кумитаи имдод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки донишҷӯдухтарони тоҷик, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд, ёдгориҳои таърихию фарҳангии Эронро тамошо карда, оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс, ба мисли Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём ва Атторро зиёрат менамоянд. Сайидҷаводи Разавӣ афзуд, ки алҳол беш аз 300 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои гуногун таҳсил менамоянд, таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор дошта, аз онҳо 186 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Кумита дар давоми таҳсил ба донишҷӯён, ки аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, кӯмакҳои гуногуни моддӣ мерасонад. Инчунин, ба фарзандони оилаҳои камбизоат ҳангоми дохил шуданашон ба донишгоҳҳо, агар шартномавӣ бошанд, кӯмаки молӣ низ мерасонад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






