Э. РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД РАФТ
Субҳи имрўз 8 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Суғд ва сўҳбатҳои наздик бо мардум ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар намуд. Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои иҷтимоии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, дар охир бо роҳбарият ва фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи он дар нимсолаи якуми соли равон ва нақшаҳои минбаъда машварати корӣ доир мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






