ХАТСАЙРҲОИ НАВ БА СӮИ «ҶАЗИРА» ҲАРАКАТ МЕКУНАНД

Июль 28, 2010 16:02

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Аз 1 сентябри соли 2010 дар пойтахт як чанд хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад», гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев. Мавсуф афзуд, ки бо  дархости роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чор хатсайри нав  барои донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур ба шаҳраки донишҷӯён,  воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, ки дар байни донишҷӯён бо номи Ҷазира маъмул аст, ифтитоҳ карда мешавад. Нақлиёте, ки дар ин хатсайрҳо  ба ҳаракат медароянд,  аз чор қисмати шаҳр — маҳали бозори Корвон, маҳаллаи Зарафшон, Политехникум ва Обшорон  донишҷӯёнро дар соатҳои муайян ба шаҳраки донишҷӯён мерасонанд.      

Июль 28, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад