ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КЎДАКОН

Июль 20, 2010 16:03

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-8 нафар хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар 9-умин Фестивали байналмилалии кўдаконаи  «Ҷаҳонро беҳтар месозем» (Изменим мир к лучшему), ки аз 21 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қрим, дар Маркази байналмилалии кўдаконаи «Артек» баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид. Бояд гуфт, ки ҳадафи фестивал мустаҳкам намудани муносибатҳои дўстона ва ба кўдакон ошно намудани фарҳанги байни кишварҳо мебошад. Дар фестивал намояндагони хурдсоли 55 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.  Ҳамчунин, дар доираи фестивал баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, Рўзи ҷаҳон, ки дар он гузаронидани вохўрии кўдакон бо намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Украина, барномаҳои консертӣ, озмунҳо, намоишномаҳои театрӣ ва эҷодӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Июль 20, 2010 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад