КОРТИ ПЛАСТИКӢ БАРОИ НАФАҚАГИРОНИ НОҲИЯИ СИНО
Душанбе,23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи консепсияи ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастуруламал дар бораи тартиби муайян намудани талабот, маблағгузорӣ, пардохти нафақа ва иловапулию кӯмакпулиҳо ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор», таъин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо аз соли 2010 бояд тавассути технологияи муосир сурат гирад. Дар ин радиф, ташкили пардохти нафақа ба воситаи кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ дар ҳамдастӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Амонатбонк» ба тариқи таҷриба дар Оҷонсии рақами 3 –и шӯъбаи «Амонатбонк»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пардохти нафақа ва иловапулию кӯмакпулиҳоро ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ монд. Айни замон ба 723 нафар нафақагири ноҳияи мазкур пардохти нафақа бо усули наву замонавӣ сурат мегирад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






