М. ИНОЯТОВА : « МО ДАР ПАЙИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ ДУХТАРОНЕМ»

Июль 16, 2010 15:59

Душанбе ,16 июл. (АМИТ « Ховар»,  Ибодат Давлатова).- «Хадамоти дастгирӣ барои духтарон»-чунин  ном дорад  лоиҳаи наве , ки аз ҷониби  Кумитаи кор бо занон ва  оилаи назди  Ҳукумати ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  ягҷоягӣ бо  Маркази Ҳуқуқи Кӯдак  ва Маркази   ҳуқуқии кӯдаконаи    Британияи Кабир  роҳандозӣ мегардад. Тавре ба мухбири  АМИТ « Ховар» коршинос оид  ба сиёсати  лоиҳаи «Хадамоти дастгирӣ  барои духтарон» Мунира Иноятова хабар дод , лоиҳаи   мазкур  аввалин   хадамоти хизматрасонӣ  дар миқёси   ҷумҳурӣ  мебошад, ки     духтарони аз 10 то 18 солаи   мавриди зӯроварӣ , таҷовуз , қочоқ ва истисмор  қароргирифтаро  дастгирӣ менамояд. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ ҳуқуқшиносони Хадамоти марказ  ба духтароне , ки    ба бадбахтӣ гирифтор шудаанд ,телефонӣ  маслиҳатҳои  ҳуқуқӣ  дода,  ҳамчунин  ҳангоми  гузаштани мурофиаҳои   судӣ манфиати онҳоро ҳимоя менамоянд. Равоншиносони   марказ ҳолати  рӯҳии духтаронро   омӯхта, ба онҳо   кӯмак мерасонанд. Дар марказ   20 нафар  духтари  аз 14 то 18 сола метавонанд 6 моҳ зиндагӣ кунанд.  Ба  ҳар як  духтар    барои раҳоӣ аз зарбаи рӯҳии  гирифтааш бо ёрии  кормандон  кӯмаки мустақилона расонида , ҳамчунин  барои соҳиби  дониши умумӣ ва касбӣ  гаштанашон   кӯмаку мусоидат менамоянд. М. Иноятова зикр намуд, ки  дар марказ  ҳамчунин ҷой барои истиқомати  мустақилона мавҷуд аст.  Дар ин макон 12 нафар духтари аз 16  то 18 сола  ба муддати   як сол метавонанд истиқомат намоянд .  Ин хизматрасонӣ  барои духтароне , ки ба дастгирии доимӣ ниёз доранд, пеш аз оғози ҳаёти мустақилона равона гаштааст. Дар марказ ба духтарон  таълими меҳнатӣ дода мешавад.

Июль 16, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд