МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ АЗ ФУРӮШ БОЗДОШТА ШУД

Июль 16, 2010 15:22

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳо ва шахсони инфиродие, ки бе истифодаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, стандартҳо, шароити мувофиқи истеҳсолӣ ва баъзан пинҳонӣ маҳсулот истеҳсол менамуданд, ошкор карда шуданд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Инчунин, қайд намуданд, ки 3 тонна биринҷ, 4,5 тонна маҳсулоти гуштӣ, 610 килограм майонез, 1085 дал машруботи спиртӣ, 2,15 тонна маҳсулоти макаронӣ ва ғайра аз фурӯш  боздошта шуда, нисбат ба онҳо тибқи тартиби муқарраргардида тадбир андешида шуд. Барои риоя накардани меъёри стандартҳо, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши  маҳсулоти ғайристандартӣ 955 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 166684 сомонӣ ҷарима баста шуда, ин маблағҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ ирсол карда шуданд.

Июль 16, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад