МАБЛАҒ БАРОИ ТАЪМИРИ ОСОРХОНА

Июль 16, 2010 15:19

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Бо мақсади таъмиру тармими осорхонаи муаллифи асари безаволи «Тоҷикон», Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарор «Оид ба ҷудо намудани маблағ»-ро   имзо намуд. Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазифадор шудааст, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағи ҷудошударо таъмин намояд. Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки санаи 27 майи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, сокинони ин ноҳия аз Қоҳир Расулзода барои мусоидат намудан ба таъмиру тармими осорхона кӯмак пурсида буданд ва қарори зикршудаи Раиси вилояти Суғд дар ин замина ба тасвиб расид.    

Июль 16, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад