МАЙДОНИ ҶАВЛОНГОҲИ МАЛАХ ДАР ҶУМҲУРӢ

Июль 5, 2010 09:44

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар ҷаласаи навбатии ситоди «Мубориза бар зидди малах», ки бо роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов баргузир гардид, аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки то 28 – уми июни соли ҷорӣ майдони паҳншудаи  малах 99 ҳазору 90 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 25 гектар зиёд мебошад. Бино ба гуфти сардори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумурии «Мубориза бар зидди малах» агар то 21 –уми июни соли ҷорӣ майдони паҳнгаштаи малах 94 ҳазору 882 гектарро ташкил дода бошад, баъди як ҳафта,   29- уми июни соли ҷорӣ малах дар  99 ҳазору 90 гектар паҳн гардид, ки сабаби он дар нопурра истифода кардани тракторҳои дорупошии ОВХ ва дастгоҳҳои аэрозолӣ,  ҳамчунин  кам шудани қувваи корӣ медонанд. Масалан агар то 14 июн аз 44 адад тракторҳои дорупошӣдар нобуд сохтани малах  истифода шуда бошад аз 21- ум то 30 –юми июн аз 13 адад тракторҳои дорупошӣ ва 265 адад дорупошакҳои дастӣ (ба ҷойи 643 адад) ва 400 қувваи корӣ (ба ҷойи 817 нафар) истифода карда шудааст, ки ба паҳн шудани малах роҳ дода, дар натиҷа майдони паҳн шудаи  малах ба ҷойи кам шудан афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин сабаби дигари  кам нашудани малах аз тарафи Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 195 литр  камтар ҷудо шудани заҳрхимикатҳо дониста мешавад. Ситод дар бораи нест кардани малах ба мутахассисон  супоришро ҷиддитар намуд.

Июль 5, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад