МАШОҲӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ, ки ҳамзамон раиси Шӯрои эрониёни хориҷ аз кишвар аст, 10 июл бо сафари корӣ ба Душанбе меояд. Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ зимни сафари кории худ ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодии ҳар ду кишварро баррасӣ менамояд. Назар ба иттилои масъули бахши равобит бо матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Эрон ба Тоҷикистон тафоҳумнома дар мавриди таъсиси «Хонаи Эрон» дар Душанбе ба имзо расонида шавад. Ҳамзамон, дидору мулоқоти Исфандиёри Раҳим Машоҳӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






