МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО И. МАШШОӢ

Июль 13, 2010 12:13

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар мулоқоти Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо  Роҳбари дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машшоӣ масоили рушду тавсеаи бештару судманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов аз раванди ҳамкориҳои ду давлати ҳамзабон изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт , ки то ба имрӯз байни ду давлат беш аз 100 ҳуҷҷати дахлдор ба имзо расида  ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳангро дар бар мегирад. Исфандиёр Раҳими Машшоӣ омодагию ҳавасмандии ҷониби Эронро дар мавриди  таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ бо фарогирии бештари соҳаҳои дигар таъкид кард. Зимни мулоқот   инчунин  масъалаҳои дигари мавриди тавваҷҷӯҳи  ҷонибҳо   баррасӣ шуд.                                                                                                                                           

Июль 13, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад