МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ ПОКИСТОН

Июль 20, 2010 12:32

Душанбе,  20 июл. (АМИТ «Ховар»,  Дилшода  Ҷонмардова). —  19-июли соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Вазири давлатӣ — раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалла  мулоқот кард. Дар мулоқот масоили таҳкиму тақвияти муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноати нассоҷҷӣ, дорусозӣ, илм ва туризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов аз болоравии сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки муомилоти савдо дар байни ду давлат дар панҷ моҳи аввали соли равон нисбат ба панҷмоҳаи аввали соли 2009 ду маротиба афзоиш ёфта аз Покистон ба Тоҷикистон асосан маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ ворид гардидааст. Салим Мандвивалла  таъкид кард, ки Покистон нақша дорад бо Тоҷикистон доираи ҳамгироиҳоро боз ҳам васеътар гардонида минбаъд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, сохтмони роҳи оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли барқ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва инфрасохтори туризм, кашфи  конҳои нефту газ ва истихроҷи онҳо тақвият бахшад. Дар мулоқот ҷанбаҳои дигари масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ҳар ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.      

Июль 20, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад