МУШКИЛИҲОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Июль 20, 2010 16:26

Душанбе 20 июл. ( АМИТ « Ховар» Л.Додо). -Дар маркази ВМКБ-шаҳри Хоруг ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, маҳфили «Ҳамкориҳои  иҷтимоӣ» дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ, пешомад ва мушкилиҳо» баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, корхонаи воҳиди «Бадахшонхориҷ», ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, васоити ахбори оммаи вилоят иштирок карда, Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов ҷамъомадро ифтитоҳ намуд. Муовини раиси вилоят Маҳтобшоева Арамбегим, иброз дошт, ки «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят саъю кӯшиш дорад, ки сафари сокинони Бадахшонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯи талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба маҷрои муайян дарорад. Ҷойҳои нави корӣ ташкил карда, ба ҳамин восита теъдоди муҳоҷирони меҳнатиро кам карданием».  Танҳо соли гузашта аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба суроғаи хешу таборашон тариқи бонкҳо 28 миллион доллари ИМА ба вилоят ворид гардидааст.

Июль 20, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад