МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИОНӢ БОЗОМӮЗӢ МЕКУНАНД.
Душанбе, 14 июл (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Барои омода намудани мутахассисони техникии соҳаи авиатсияи гражданӣ Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳамасола барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон фурудгоҳ мутахассисонро ба марказҳои омӯзишии шаҳрҳои Федератсияи Руссия, Қазоқистон ва хориҷи дур равон менамояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Махмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, бо иваз шудани намудҳои ҳавопаймоҳо ҳайати техникӣ низ бояд вобаста ба он тахасуси касбии худро баланд бардорад. Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ мекунанд, дар ихтиёри худ ҳавопаймоҳои тозаистеҳсолшудаи Ил- 76, 86, Ту-154, тамғаҳои гуногуни "Боинг", "Эйрбас", Ан-120 (Руслан), ҳавопаймои "Геркулес", чархболҳои гуногунтамға доранд ва ҳангоми хизматрасонӣ бо ин намуд ҳавпаймоҳо аз ҳайати техникии фурудгоҳ дониши мукаммал ва дараҷаи баланди тахассусиро тақозо менамояд. Аз рӯи нақшаи таълимӣ 12 нафар мутахассисон техникҳои ҷавони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои бозомӯзӣ ба маркази таълимии Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" равон карда мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






