МУВАФФАҚИЯТҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ШАШ МОҲ
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). Дар шашмоҳаи аввали соли 2010 варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ 98 медал ба даст оварданд. Дар ин бора Маликшо Неъматов раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки варзишгарони тоҷик тайи 6 моҳи соли 2010 дар зиёда аз 20 мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё, мусобиқаҳои байналмилалии калон ширкат варзида, 98 медал, аз ҷумла 35 медали тилло, 28 нуқра ва 35 биринҷиро соҳиб гаштанд. Хотиррасон менамоем, ки тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар кишвар 131 мактаби варзишӣ, 1009 толори варзишӣ, зиёда аз 4 ҳазор майдони варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир теъдоди ҷавонони ба варзиш машғулбуда дар ҷумҳурӣ афзуда, ба 940 ҳазор нафар расидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






