НАМОЯНДАИ БАЛАНДПОЯИ ЭРОН АЗ «САНГТӮДА-2» БОЗДИД НАМУД

Июль 12, 2010 10:59

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Дар  доираи сафари кории Раиси Дастгоҳи Президенти  Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт хишти нахустини пойдевори толори варзишӣ гузошта шуд. Толори мазкур дуюмин толори варзишиест, ки аз ҷониби Эрон дар Душанбе бунёд гардида,  он барои намуди варзишҳои бостонӣ- зӯрхонаӣ  махсус гардонида мешавад. Дар маросими гузоштани хишти нахустини пойдевори толори варзишӣ намояндаи мақоми баландпояи  Эрон Исфандиёр Раҳим Машоӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъмат сухан карда, бунёди чунин бинои варзиширо фоли неке аз тақвияти робитаҳои судманди Тоҷикистону Эрон дар бахши варзиш арзёбӣ карданд. Исфандиёр Раҳим Машоӣ  дар чаҳорчӯбаи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз маҳали сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боздид намуда, инчунин, бо эрониёни муқими Душанбе дидору мулоқот кард.  

Июль 12, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад